spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Эмомалӣ Раҳмон қонуни масъулияти падару модарро ба имзо расонид

Душанбе. 3-юми авгуси. «Азия-Плюс» — | Президенти Тоҷикистон Эмоамлӣ Раҳмон рӯзи 2-юми августи соли равон Қонуни ҶТ «Дар бора масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд»,-ро ба имзо расонид, ки ҳадафи он таҳкими масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон  дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва ватанпарварӣ нисбат ба арзишҳои умумиинсониву фарҳангӣ ва дифоъ аз ҳуқуқу манфиати  кӯдакон аст.

Тавре ба Ои «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, президенти Тоҷикистон қонунҳо «Дар бораи иттифоқҳои касаба» ва «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро, ки қаблан маъқул ва қабул шуда буданд, низ ба имзо расонид.

Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд» миёни нерӯҳои сиёсӣ ва аҳли ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои гуногунро ба бор овард. Масалан Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки қонуни мазкур ба бандҳои зиёди Контститутсияи кишвар, меъёрҳои байнулмилалии қонунгузории аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда мухолифат дошта, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрандонро поймол мекунад. Нигаронии шадиди Ҳзби наҳзати исломии Тоҷикстон аз ин қонун дар он ифода меёбад, ки мутобиқи қонуни мазкур, ба масҷид ва муассисаҳои динӣ рафтани ҷавонони то сини 18-соларо манъ месозад.

Ба ақидаи раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров, қонуни мазкур аз нигоҳи илми ҳуқуқшиносӣ бидуни риояи техникаи таҳияи лоиҳаи қонун омода гардидааст. «Лоиҳаи қонуни мазкур на танҳо такрори меъёрҳои Конститутсияи кишвар, Кодекси оилаи ҶТ аст, балки чанде аз ин меъёрҳоро риоя намекунад», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, риси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов аз қабули ин қонун пуштибонӣ менамояд, зеро ба ақидаи ӯ, дар ҷомеаи Тоҷикистон рӯз то рӯз фишори рӯҳониён ба насли наврас ба мушоҳида мерасад.

«Ҳатто дар кишварҳои исломӣ толибилм барои намоз дарсро гузошта ба масҷид намеравад. Дар ҷомеаи мо бошад, ҳаттто толилбилмони макотиби таҳсилоти умумӣ дарсро партофта, ба масҷид шитоб мекунанд. Ба ин ҳодисаҳо вокуниши  ҳатмии давлт зарур аст», – гуфт Ш.Шабдолов.  

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...