spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ховалинг: Ифтитоҳи Қасри фарҳанг бо иштироки сарвари давлат

Душанбе. 9-уми август. «Азия-Плюс» — | Субҳи имрўз сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Ховалинг бо зиёрати оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ оғоз ёфт.

 Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар шаҳраки маркази ноҳияи Ховалинг бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дорои шароити машқу тамрини якчанд намудҳои гуногуни варзиш  ва 100 ҷойи нишаст барои тамошобинон аст.

 Тавре иттилоъ дода шуд, дар ин мавзеи хушбодуҳаво барои бунёди ин толори варзишӣ,  майдони калони варзишӣ,  майдони гўштигирӣ ва ҳавзи шиноварӣ 6 га замин ҷудо карда шудааст.

 Чунонки зикр гардид, ин иншооти боҳашамати варзишӣ дар доираи иҷрои супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо варзишгарони кишвар моҳи декабри соли 2010 дода буд, бунёд меёбанд.

 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки шароити варзишӣ бо назардошти талаботи мусобиқаҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ бунёду муҳайё карда шаванд, то ки дар фасли тобистон баъзе мусобиқаҳо дар ин ноҳияи салқин ва хушҳаво барпо гарданд.

 Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои дуошёнаи истиқоматӣ боиси хушҳолию сипоси аҳли 12 хонаводаи мутахассисони ҷавон ва ходимони давлатӣ гардида, ба симои маркази ноҳияи Ховалинг ҳусни дигар зам намуд.

 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки минбаъд барои бо хонаҳои хизматӣ таъмин намудани оилаҳои кадрҳои ҷавон, дигар ходимони давлатӣ ва нафароне, ки як муҳлати муайян кор карда, ба шаҳру ноҳияҳои дигар мегузаранд, биноҳои 4 ва 5- ошёна бунёд намоянд.

 Иншооти боҳашамати дигари ҷашнӣ, ки дар маркази ноҳияи Ховалинг бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт, қасри фарҳанги ноҳия аст, ки тўҳфаи арзанда барои аҳли фарҳанг ва санъат арзёби гардид.

 Тавре аён гардид, толори калони қаср дорои 320 ҷойи нишаст ва шароити зарурӣ барои гузарондани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ мебошад.

 Дар толори дигари қасри фарҳанг намунаҳои осори таърихи бостони ин минтақаи кўҳистони Тоҷикистон ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ барои тамошо ба намоиш гузошта шуда буданд.

 Дар ин ҷо миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли фарҳанги ноҳияи Ховалинг, аз ҷумла бо бобои Усто ғулом, ки устои чирадасти асбобҳои мусиқии мардумӣ аст, сўҳбати ҷолибу хотирмон сурат гирифт.

 Дар маркази ноҳияи Ховалинг Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори ноҳияи Ховалинг мулоқоти озоду ошкоро ороста, барои ободу зебо намудани ин гўшаи дорои табиати биҳиштосои қўҳистони Тоҷикистон ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

 Аз ҷумла дастур дода шуд, ки омўзиши амиқи ёдгориҳои таърихию фарҳангии ноҳия, тарғибу ташвиқи онҳо ва бунёду муҳайёсозии инфрасохтори сайёҳӣ тадбирҳои судбахш андешида амалӣ намоянд, то ки ин як манбаи хуби даромади мардум ва буҷети ноҳияи Ховалинг гардад.

 Таъкид гардид, ки барои барқарорсозӣ ва инкишофи минбаъдаи шабакаҳои оби нўшокӣ ва кишоварзӣ ва ҳамчунин ободонии бештари ноҳияи Ховалинг чораҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...