Душанбе. 15-уми август. «Азия-Плюс» — |Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар Шӯро рӯзномаи иҷлосияи ғайринавбатии палатаи поёнии парлумони кишвар, ки рӯзи 19-уми август баргузор мешавад, тасдиқ шуд. Дар иҷлосияи мазкур иоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ мегардад. Таъкид шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади муайян намудани асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии аз ҷониби давлат авф намудани маҳбусон ва дигар шахсони ҷиноят содирнамуда ва бахшида ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҳия гардидааст. Амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» пеш аз ҳама он шахсонеро фаро мегирад, ки аз нигоҳи ҷинс, синну сол, вазъи саломатӣ ва бартараф гардидани хавфнокии ҷинояти содиршуда ба авфи гуноҳ эҳтиёҷ доранд.
Тибқи иттилои манбаъ, Қонуни мазкур аз 29 модда иборат буда, дар он гурӯҳи шахсоне, ки нисбати онҳо авф татбиқ мегардад, тартиб ва мӯҳлати иҷрои санади зикргардида, мақомоти иҷрокунандаи ин санад, инчунин ҳалли дигар масъалаҳое, ки ба татбиқи Қонуни мазкур алоқаманданд, пешбинӣ гардидааст.
Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» амали инсондӯстона буда, барои ба кору зиндагии осоишта ва муҳити оила баргардонидани шахсони ҷиноят содирнамуда мусоидат менамояд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба меъёрҳои Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат надорад.