spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Парлумон қонуни афвро якдилона дастгирӣ кард


Дар ҷаласаи нахустини иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони мардумӣ қонуни афвро якдилона қабул намуданд.

Зимни шарҳи моҳияти лоиҳаи қонуни мазкур Додситони кулли ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода изҳор кард, ки қонун ба ҳудуди 15 ҳазор нафар маҳкумшудагон дахл хоҳад дошт. Тақрибан 4 ҳазор нафар маҳбусон аз муассисаҳои ислоҳотӣ озод карда мешаванд.

Ба гуфтаи додситони кулл, мутобиқи қонуни афв, аз муассисаҳои ислоҳотӣ ҳудуди 130 нафар маҳкумшудагони гирифтори бемории дилу саратон, 250 нафар занон ва 107 нафар ноболиғон низ озод карда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, додситони кулл қайд кард, ки дар тӯли 20 соли истиқлолият ин 13-умин қонуни афв аст, ки дар ҷумҳурӣ қабул мешавад. Салимзода изҳори боварӣ намуд, ки маҳкумшудагон пас аз озодӣ роҳи риояи қонун ва зиндагии осоиштаро пеш мегиранд.

Намояндаи мардумӣ Маҳмадалӣ Ватанов дар суханронии худ зикр кард, ки ин қонун ба ҷуз шахсони ба ҳабси абад маҳкумшуда,  дигар ба ҳамаи маҳбусон дахл хоҳад дошт. Ба қавли ӯ, агар шахси маҳкумшуда афв нагардад, мӯҳлати ҷазои ӯ кам карда мешавад.

Дар масъалаи афви иштирокчиёни ҷанги шаҳрвандӣ ҳам аз ҷониби Иттиҳоди мухолифини тоҷик ва ҳам аз ҷониби Фронти халқӣ баҳсхои зиёд сурат гирифтанд. Мушовири давлатии президенти мамлакат оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Ҷумъа Давлатов зикр кард, ки мутобиқи рӯйхати аз 3-юми марти соли 1999 тасдиқнамудаи Комиссияи оштии миллӣ, бо пешниҳоди Иттиҳоди мухолифини тоҷик беш аз 5,5 ҳазор нафар иштирокчиёни даргириҳои дохилӣ дар Тоҷикистон озод карда шуда буданд. Дар ҳамин ҳол, Давлатов изҳор кард, ки он замон чанде аз намоядагони мухолифин хоҳиши ба ин рӯйхат ворид шуданро надоштанд, «зеро онҳо то қатраи охирини хун ҷангиданӣ буданд». «Ҷангиёни Итиҳоди мухолифини тоҷик, ки пас аз соли 1999 ҷиноят содир кардаанд, ба рӯйхати зикршуда дохил шуда наметавонанд ва ман ба онҳо тавсия медиҳам, ки ба Додситонии кулл муроҷиат намоянд, зеро пас аз соли 1999 дар Тоҷикистон 5 маротиба афв эълон гардида, мутобиқи ин афвҳо аз мӯҳлати ҷазои онҳо қариб чизе ҳам боқӣ намемонад», – гуфт ӯ.

Зимни суханронӣ перомуни қабули қонуни афв раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров аз кормандони мақомоти дахлдори кишвар даъват ба амал овард, ки дар ҷараёни мавриди амал қарор додани қонуни афв ба ришваситониву суистеъмол аз ваколатҳои мансабӣ роҳ надиҳанд.

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов мегӯяд, дар баробари қабули қонуни афв, мақомоти давлатиро мебояд вазъи афзоиши мизони ҷинояткорӣ дар кишварро дарк ва мавриди таҳлил қарор диҳанд. «Шахсан барои ман нофаҳмо аст, ки иштирокичёни Ҷанги Бузури Ватанӣ, рафъи оқибатҳои садамаи нерӯгоҳи ҳастайии Чернобил, шахсони бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозшуда ҷиноят содир мекунанду сипас мавриди афв қарор мегиранд», – изҳор медорад ӯ. Ба ақидаи Шабдолов, чунин вазъ ифодагари он аст, ки феълан дар ҷумҳурӣ муҳити тафовути назарраси тавозун миёни ҷинояту ҷазо ҳукмфармост. «Дар кишвари мо барои содир намудани ҷингояти ночизе метавон ба мӯҳлати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум шуд ва сари ин масъала андеша мебояд кард», – афзуд раиси ҲКТ.   

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...