Бори нахуст дар доираи афви эълоншуда мӯҳлати адои ҷазои маҳбуси тайи даҳсолаи ахир маъруф – яке аз собиқ қумондонҳои Фрноти халқӣ ва вазири умури дохилӣ Ёқуб Салимов қисман кам карда шуд.
Бино ба маълумоти Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, мӯҳлати адои ҷазои Ёқуб Салимов ду сол кам карда шудааст. Ҳамин тариқ, то анҷоми пурраи мӯҳлати адои ҷазои Салим Ёқубов 4 солу 10 моҳи дигар боқӣ монд. Ба қавли наздикони Салимов, ахиран вазъи саломатиии ӯ хуб набуда, аз бемории дилу тарбод ва чашмон азият мекашад. «Вале ӯ худро бардаму солим нишон медиҳад», – мегӯянд хешовандонаш.
Ёдрас мекунем, ки соли 1997 Ёқуб Салимов ба кӯшиши роҳандозии табаддулоти давлатӣ айбдор карда шуд. Аз ин рӯ, Салимов Тоҷикистонро тарк гуфт, вале соли 2003 дар Русия ба ҳабс гирифта шуда, ба Тоҷикистон истирдод гардид. Мурофиаи додгоҳии Ёқуб Салимов ба таври пӯшида муддати 5 моҳ сурат гирифта, ӯ ба 15 соли зиндон бо адои мӯҳлати ҷазо дар зиндони низомаш шадид маҳкум гардид.
Ёқуб Салимов дар соли 1992 дар иҷлосияи 16 Шӯрои Олиии Тоҷикистон ба унвони нахустин вазири корҳои дохилии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон мансуб шуд. Ӯ то соли 1995 дар ин мақом ифои вазифа карда, баъдан сафири Тоҷикистон дар Туркия таъин гардид. Аммо бо гузашти як сол дубора баргашт ва ба раёсати Кумитаи гумруки Тоҷикистон таъин шуд.
Ӯ дар ҷараёни ин ҷангҳо ба яке аз фармондеҳони намоёни Фронти Халқӣ ва ба яке аз наздикони Сангак Сафаров – раиси Фронти Халқӣ табдил ёфт, ки дар сари давлатдорӣ овардани президенти кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон нақши арзанда дорад.
Ғайр аз ин, бино ба маълумоти Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, ҳамчунин мӯҳлати адои ҷазои боз яке аз маҳбусони маъруф – арбоби машҳури Иттиҳоди мухолифини тоҷик, собиқ раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Маҳмадрӯзи Искандаров низ ба муддати 2 сол кам карда шудааст.
Замони ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1992-1997) Маҳмадрӯзӣ Искандаров яке аз пешвоёни Иттиҳоди мухолифини тоҷик маҳсуб ёфта, соли 2004 ба Русия рафтааст. Прокуратураи Генералии Тоҷикистон нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз намуда, ба мақомоти Русия ҷиҳати истирдоди ӯ дархост ирсол намуд.
Искандаров дар шаҳри Маскав моҳи декабри соли 2004 боздошт гардида, пас аз дархости паноҳгоҳи сиёсӣ 4-уми апрели соли 2005 озод карда шуд, вале 16 апрел ба таври асроромез ғайб зад. Пас аз панҷ рӯз прокурори генералии Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов ба ВАО изҳор дошт, ки Искандаров дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе бо ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ боздошт гардидааст, вале худи Искандаров ба додгоҳи Страсбург бобати аз ҷониби хадамоти махсуси Русия боздошт шуданаш ва ба Душанбе истирдод гардиданаш даъво пеш овард.
Пас аз чанде Маҳмадрӯзӣ Искандаров аз рӯйи шаш моддаи КҶ ҶТ гунаҳкор дониста шуда, ба муддати 23 соли зиндон маҳкум гардид. Искандаров борҳо ба мақомоти Русия ҷиҳати боздошт ва истирдоди ғайриқонунӣ шикоят бурдааст, вале онҳо ё рад карда шудаанд ва ё ба онҳо посухе нагирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи кишвар, имрӯз, 24-уми август, 86 нафар маҳбусони ноболиғ мавриди афви эълоншуда қарор гирифта, дар муассисаи ислоҳӣ барои ноболиғон ҳамагӣ 4 нафар боқӣ мондаанд, ки ба содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин муҷрим дониста мешаванд. Мӯҳлати адои ҷазои онҳо низ кам карда шудааст.
Як рӯз қабл аз муассисаи ислоҳии занона 112 нафар занон мавриди афв қарор гирифтанд, ки 12 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.