Душанбе. 26-уми август. «Азия-Плюс» — Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санад ва нишони унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо – Пешвои асри 21 тақдим карда шуд.
Тавре аз хадамоти матуоти сарвари давлат хабар доданд,маросими эълони сарфарозгардии Эмомалӣ Раҳмон бо унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо – Пешвои асри 21 дар қасри миллат баргузор гардид.
Санад ва нишони унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо – Пешвои асри 21 ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Президенти Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ Антон Караҷа тақдим карда шуд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин сарфарозиро нишонаи қадрдонии баланди ҷомеаи Аврупо аз заҳматҳои шаборўзии мардуми Тоҷикистон арзёбӣ намуда, ба Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ арзи сипос намуд.
Хотиррасон бояд намуд, ки қарор дар бораи сарфароз гардондани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ин унвони олии ҷомеаи Аврупо чанд рўз пеш аз ҷониби Кумитаи академикии Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ дар пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест қабул шуда буд. Ин қарор бо иштироки аъзои корпуси академикӣ, олимон, аҳли зиё ва як қатор пешвоёни сиёсии ҷомеаи Аврупо ба тасвиб расидааст.
Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ аз рўи эътибораш дувумин Институти ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба робитаҳои байналмилалӣ ба шумор меравад.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин унвони олии ҷомеаи Аврупо барои таҳкими ваҳдати миллии Тоҷикистон, мубориза бо коррупсия, таъмини эҳтироми манзалати инсон, таъмини идоракунии шаффоф, дастгирии равандҳои демократӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи инсон, кафолати озодиву адолати иҷтимоӣ, озодии матбуот, бароҳандозии барномаҳои созандагӣ ва дигар дастовардҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар сазовор дониста шуд.