Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев роҳбари Агентии федералӣ оид ба корҳои ИДМ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкориҳои байналхалқии гуманитарии Федератсияи Русия ҷаноби Фарит Мухамедшинро, ки дар доираи мулоқоти сарони кишварҳои ИДМ ба Тоҷикистон ташариф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ Шавкат Саидов хабар дод, дар ҷараёни мулоқоти самимӣ ҷонибҳо тавсеаи заминаҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои гуманитарӣ оид ба рушди муносибатҳо дар соҳаи фарҳангу маориф, таҳсилу зиёд намудани квотаҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии Федератсияи Русия, бозомӯзии кадрҳо, таъсиси мактабҳо бо таълими забони русӣ, курсҳои омӯзишӣ барои тайёр намудани мутахассисон мувофиқ ба талаботи ҷавобгӯи бозори меҳнат дар Федератсияи Русия ва таъминоти мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии кишвар бо китобҳову дигар ашёҳои таълимӣ ва омӯзгорони фанни забони русиро мавриди баррасӣ қарор дода, баҳри расидан ба ин ҳадафҳои созанда саҳми марказҳои русии дар мамлакат таъсисёфтаро нек арзёбӣ намуданд.
Зимни мулоқот зикр гардид, ки потенсиали ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳо дар ин самт минбаъд низ дар доираи созишномаи мавҷудаи байниҳукуматӣ бовусъат сафарбар карда мешавад.