Имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ баргузор шуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар иттилоъ доданд, дар ҷаласа масоили ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси оила ва Қонунҳои ҶТ «Дар бораи мақоми ҳуқуқии узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамаи масоили баррасишуда ба рӯзномаи ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми палатаи поёнии парулмони кишвар даъвати чорум, ки аввали моҳи октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, дохил карда шуданд.
Шукурҷон Зуҳуров аз вакилон даъват ба амал овард, ки дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо бештар саҳм гиранд.
Ба иттилои манбаъ, раиси палатаи поёнии парлумони кишвар масоили баргузории вохӯрии намояндагони мардумиро, ки бо сафарҳои хидматӣ ба Русия мераванд, таҳти назорати худ қарор медиҳад.