Зимни мулоқоти муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров бо сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов дар шаҳри Душанбе аз ҳодисаҳои ахиран зиёд шудани ҳодисаҳои куштори шаҳрвандони тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ карда шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Собиров ба сафири Русия нигаронии ҷиддии ҷониби Тоҷикистонро дар ин масъала изҳор дошта, илова намудааст, ки қатли бераҳмонаи шаҳрванди 24-солаи тоҷик Ҷонибек Қосимов чанде қабл дар вилояти Маскав вокуниши шадиде дар ҷомеа ба бор овард.
Муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ аз дипломатии русиягӣ дархост кардааст, ки ба баргузории тафтишоти объективонаи ин қазия мусоидат намуда, ҷониби Тоҷикистонро аз ҷараёни он мудом огаҳ намояд.
«Сафири Русия аз ин қазия изҳори таассуф намуда, ҷониби Тоҷикистонро мӯътақид сохтааст, ки дар ин хусус мақомоти раҳбарии кишвари худро огаҳ хоҳад сохт ва аз тарафи худ тамоми имконоти мавҷуда дар доираи салоҳияти худро истифода хоҳад бурд, то ки ин ҷиноят холисона мавриди тафтиш қарор гирад», – афзуд манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 7-уми сентябр дар вилояти Маскав бо аломатҳои марги маҷбурӣ ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон, сокини ноҳияи Панҷакент Ҷонибек Қосимов дарёфт шуда буд. Аз рӯйи ин далел дар мақомоти дахлдори маҳалли ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ҷараёни тафтишоти ин парвандаро таҳти назорат қарор додааст.