spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Иштироки сарвари давлат дар маросими ба истифода додани нерӯгоҳи хурди Марзич


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ба кор даровардани як нерўгоҳи хурд, хатти 220-киловолтаи Хуҷанд-Айнӣ бо зеристгоҳи муҷаҳҳази Айнӣ ва шиносоӣ бо вазъи кору зиндагии мардум ба вилояти Суғд сафар кард.

 Боздиди корӣ аз деҳаи Марзичи ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ оғоз ёфт. Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ва пахши тугма нерўгоҳи Марзичро, ки дорои иқтидори 4300 киловатт\соат мебошад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

 Тавре зикр гардид, ин нерўгоҳ бо харҷи 4 миллион доллари амрикоӣ аз маблағгузории муштараки ШСХК Барқи Тоҷик ва Бонки исломии рушд дар муддати кўтоҳ, вале бо сифати баланд сохта ва омодаи кор гаштааст.

 Барои кори бемонеа ва якмароми  нерўгоҳ ҳамагӣ 3,5 метри мукааб об лозим будааст, аз ин хотир бо назардошти серобии рўди Зарафшон ин нерўгоҳ метавонад тобистону зимистон бо иқтидори лоиҳавиаш кор кунад.

 Чунонки зикр гардид, нерўгоҳи Марзич қодир аст то 50% ниёзи ноҳияи Айниро ба нерўи барқ таъмин намояд.

 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти мавқеи басо мусоиди ин мавзеъ ба масъулин дастур дод, ки бо насби лўла ва агрегатҳои иловагӣ иқтидори нерўгоҳи Марзич ба 10 ҳазор киловатт\соат расонда шавад ва таъкид намуд, ки он гоҳ ин нерўгоҳ ноҳияи Айниро пурра бо нерўи барқ таъмин хоҳад кард.

Дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зеристгоҳи 220-киловолтаи Айнӣ ва хатти 220 киловолтаи интиқоли нерўи барқи Хуҷанд-Айнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

 Тавре зикр гардид, бунёди ин зеристгоҳ ва ба масофаи 83 км кашидани хатти 220 киловолтаи Хўҷанд – Айнӣ моҳи июли соли 2010 бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта буд ва имрўз 5 моҳ пеш аз мўҳлат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, бо вуҷуди он, ки қисмати зиёди хат аз болои қаторкўҳҳои баланди ҳамеша барфпўш мегузарад.

 Кунун мардуми ноҳияҳои водии Зарафшон – Кўҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Панҷакент пурра бо нерўи барқи истеҳсоли ватанӣ таъмин мегарданд.

 Тавре иттилоъ дода шуд, ин зеристгоҳ ва хатти 220 киловолтаи Хўҷанд Айнӣ бо харҷи 37 миллион доллари амрикоӣ бо истифода аз техникаю технологияи навтарини ҷаҳонӣ бунёд ёфтааст.

Дар деҳаи Искодар ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як аспи хушзоту хушхироми тоҷикӣ тўҳфа карда шуд, ки парвардаи хоҷагии асппарварии Тоҷикистони ноҳияи Айнӣ мебошад.

Аз деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи дурдасти Роғи ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ, ки 80 км аз маркази ноҳия дур қарор дорад, ташриф оварда, бо кори намунавии картошкапарварони он наздик шинос шуд.

 Зимни шиносоӣ бо маҳсули заҳмати ин деҳқонони асил иттилоъ дода шуд, ки аз ҳар гектари ин заминҳои ҳосилхез аз 35 то 50 тонна картошка рўёнда мешавад.

 Имсол картошкапарварони ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ азм доранд, ки 70 ҳазор тонна истеҳсол намуда, дар таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ ва  амнияти озуқаворӣ дар кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.

Бо дархости деҳқонони асили деҳаи Роғ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки барои кандани як канали 5 километра ва аз худ намудани 100 гектар замини нави ҳосилхез лоиҳа омода намоянд. Тавре таъкид гардид, ин лоиҳа бо маблағгузорӣ аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ хоҳад шуд.

 Ҳамчунин дастур дода шуд, ки имкони аз нав обёрӣ ва оянда мавриди истифода қарор додани 1300 гектар заминҳои бекори мавзеи Тагоби Реват омўхта шавад.

 Зимни машварат бо мардуми ҷамоати Лангар, ки бо иштироки масъулини дахлдори соҳа аз ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои масъули ҷумҳуриявӣ, сохторҳои тоҷикматлубот, роҳбарони бозорҳои шаҳри Душанбе, олимону мутахассисони соҳа, масъулони вилоятӣ ва раисони ноҳияҳои картошкапарвари вилояти Суғд баргузор гардид, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид дошт, ки баъди 2 сол истеҳсоли картошка дар Тоҷикистон бояд ба 1 миллион тонна расонда шавад.

Тавре иттилоъ дода шуд, роҳбарияту масъулини сохторҳои Тоҷикматлубот ва раисони бозорҳои шаҳри Душанбе бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҷо барои бастани шартномаҳо ва кашонда, захира кардани картошка омадаанд, то ки фаровонӣ ва арзонии он дар бозори истеъмолӣ таъмин карда шавад.

 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ин таҷрибаи наку бояд ҳамеша идома дода шавад, то ки робитаи зичи миёни истеҳсолкунандагон ва бозор мустаҳкам шавад ва пеши роҳи онҳое, ки аз боло бурдани нархҳо фоидаи муфт мегиранд, гирифта шавад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...