Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Агибай Смагуловро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар мулоқот масъалаи густариши муносиботи байни парлумонҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба гуфтаи Султонов, Шукурҷон Зуҳуров сараввал дипломати қазоқро ба муносибати таъин шуданаш ба ҳайси сафири кишвараш дар Тоҷикистон табрик гуфта, изҳори умедворӣ намуд, ки вай дар таърихи муносиботи Душанбе ва Остона саҳифаҳои тозаеро боз хоҳад кард.
Дар мулоқот Шукурҷон Зуҳуров эълом дошт, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нахустин ҷаласаи худ дар қатори дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим, Созишнома байни ҳукуматҳои Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қазоқистон оид ба расонидани мадади ҳарбии ройгонро тасдиқ намуд.
Мавсуф ҳамчунин зикр намуд, ки миёни Тоҷикистону Қазоқистон 70 санади меъёрию ҳуқуқӣ ба имзо расида, якчанд комиссияи байнидавлатӣ фаъолият дорад. Сандуқи сармоягузории ҳарду кишварҳо низ таъсис ёфта, барои омода сохтани фазои иқтисодии кишварҳо корҳои мушахасеро ба сомон расонидаанд.
Агибай Смагулов изҳор дошт, ки Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ яке аз кишварҳоест, ки, бо Қазоқистон муносибати хуби дӯстӣиву ҳамкорӣ дорад.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон 47 корхонаи муштараки Тоҷикистону Қазоқистон фаъолият доранд.