Вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи пешгӯйӣ, консепсия, стратегияи давлатӣ ва барномаи рушди иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул карданд.
Мутобиқи тағйироту иловаи воридшуда, аз ин ба баъд ҳар як шаҳру ноҳияи кишвар барномаи мустақили рушдро таҳия месозанд.
Зимни баррасии қабули тағйироту илова ба ин қонун вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамралиев изҳор кард, ки ҷиҳати омодасозии тағйироти нав ба ин қонун дар ҳукумат гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Аз ин рӯ, ӯ аз вакилон хоҳиш кард, ки қабули тағйироту илова ба қонуни мазкурро каме мавқуф гузоранд, то ки он дар ҳамроҳӣ бо пешниҳодоти ҳукумат баррасӣ шавад. Аммо раиси палатаи поёнии парлумони кишвар дар посух зикр кард, ки имрӯз ин тағйирот пазируфта мешаванд ва чун пешниҳодоти ҳукумат омода шуд, он низ баррасӣ хоҳад гардид.
Вакилон ҳамчунин ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Санади Женеваи Созишномаи Гаага дар бораи бақайдгирии байнулмилалии намунаҳои саноатиро маъқул шумориданд.
Ба андешаи вазири рушди иқтисод ва савдо, ҳамроҳшавӣ ба ин санад ба Тоҷикистон барои узвият ба Созмони ҷаҳонии савдо мусоидат менамояд.