Санаи 18-уми октябр дар шаҳри Санкт-Петербург таҳти раёсати нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷаласаи 58-уми Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад.
Тавре аз котиботи нахуствазири кишвар иттилоъ доданд, дар ҷаласаи мазкур баррасии 30 лоиҳаи аснод дар назар аст, ки ба тақвияти ҳамкориҳои мутақобилаи кишварҳои узви иттиҳод дар бахшҳои гуногун, бахусус соҳаи иқтисод нигаронида шудааст. Аз ҷониби Русия лоиҳаи Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод мешавад.
Ғайр аз ин, дар ҷаласаи шӯро баррасии лоиҳаи Барноми байниҳукуматии ҳамкории иннноватсионии кишварҳои узви ИДМ дар давраи то соли 2020, лоиҳаи Консепсияи рушди стратегии нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои узви ИДМ дар давраи то соли 2020, масъалаи Созишнома дар бораи усулҳои асосии сиёсат дар бахши танзими асъор ва назорати асъор дар кишварҳои узви иттиҳод ва Консепсияи сиёсати мувофиқашудаи иҷтимоӣ ва демографии кишварҳо ва ғайра дар назар аст.
Айни замон Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Тоҷикистон қарор дорад. Соли 2012 ин вазифа ба дӯши Туркманистон вогузор хоҳад гардид.