spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Баррасии буҷети давлатии соли 2012 дар парлумон


Имрӯз дар ҷаласаи чор кумитаҳои парлумонӣ лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» баррасӣ мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матуботии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, имрӯз лоиҳаи буҷет дар кумитаҳо оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқ, тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, масоили кишоварзӣ ва экология, оид ба умури байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Ҳамчунин пагоҳ аъзои кумитаҳои илм, маориф, фарҳанг  ва сиёсати ҷавонон, масоили иҷтимоӣ, оила ва тандурустӣ, сохтмони давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия низ атрофи нишондиҳандаҳои буҷети соли 2012 табодули афкор хоҳанд кард.

Баррасии лоиҳаи қонун дар бораи буҷети соли 2012 рӯзи 21-уми октябр бо баргузории ҷаласаи васеъи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба иқтисод ва молия ба анҷом мерасад.

М. Султонов зикр кард, ки лоиҳаи қонуни мазкур дар шакли ниҳоӣ аввали моҳи ноябр ба баррасии иҷлосияи палатаи поёнии парлумони кишвар пешниҳод мегардад.

Қисми даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2012 дар ҳаҷми 10 миллиарду 160 миллион сомонӣ ва қисми хароҷоти он 10 миллиарду 340 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст ва ин нисбат ба буҷети соли равон мутаносибан 1 миллиарду 860 миллион ва 1 миллиарду 750 миллион сомонӣ зиёд аст.

Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ бошад, дар ҳаҷми 35,8 миллиард сомонӣ, болоравии ҳаҷми истеҳсолот 7% ва таваррум 10,5% пешбинӣ гардидааст.

Тавре таъкид гардид, қариб 50% буҷети соли оянда ё худ зиёда аз 5 миллиард сомонӣ ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ниёзманд равона мегардад.

3 миллиард сомонӣ барои татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ, ки ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва бехатарии озуқаворӣ равона гардидаанд, пешбинӣ шудааст.

Соли оянда бо харҷи беш аз 145 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бояд мушкили норасоии оби нўшокӣ дар 24 шаҳру ноҳияи кишвар, аз ҷумла Хорўғ, Кўлоб, Хуҷанд ва ғайра бартараф карда шавад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...