Таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он як қатор лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар Шӯро лоиҳаҳои қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд. Ба гуфтаи ӯ, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Сайиди Ёқубзод, Сафаралӣ Раҷабов, муовини раиси кумитаи ин мақоми олии қонунгузор Галия Рабиева ва дигар аъзои Шӯро роҷеъ ба масъалаҳои ба Шӯро воридгардида фикру андешаҳои худро иброз дошта, таъкид науданд, ки лоиҳаҳои қонунҳои мазкур бо мақсади рушди соҳаҳои гуногуни мамлакат ва беҳтар гардидани вазъи некӯаҳволии аҳолӣ равона гардидаанд.