Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳров бо сафари чаҳоррӯза ба пойтахти Белорус – шаҳри Минск меравад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни сафар Шукурҷон Зуҳуров дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи парлумонии кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуда, ҳамчунин бо як қатор намояндагони парлумонҳои кишварҳои узви ин созмон мулоқоту гуфтушунид мекунад.
Қобили зикр аст, ки аз 27 то 29-уми октябр президенти Белорус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад.