spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Изҳороти Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун»


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба дар як қатор васоити ахбори умуми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ интишор гардидани маълумоти таҳрифомезу нодуруст дар бораи сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии «Роғун» изҳороти махсус интишор кард.

Да изҳорот аз ҷумла гуфта мешавад, вақтҳои охир  дар  васоити  ахбори оммаи  баъзе  кишварҳои  минтақа маълумоти таҳрифомез  дар  мавриди  лоиҳаи  бунёди  НОБ  Роғун паҳн  карда  мешавад. Бояд  мавқеи тағйирнопазири  роҳбарияти Тоҷикистонро  дар  мавриди он  қайд  намуд, ки  татбиқи  лоиҳаи гидроэнергетикӣ  ва  дар навбати  аввал  анҷом  додани сохтмони  НОБ Роғун  бо назардошти  манофеи  умумимиллӣ  ва  минтақавӣ  сурат  гирифта,  Тоҷикистон  тайёр  аст, ки  дар  ин  масъала  бо  ҳамсояҳояш  ба таври  зичтарин  ҳамкорӣ  намояд. Президенти  мамлакат  Эмомалӣ  Раҳмон,  аз ҷумла, аз  минбарҳои  иҷлосияҳои  63  ва  64  – уми  Ассамблеяи  Генералии  СММ,  ҳамчунин ҳамоиши  Копенгаген  аз рӯи  масъалаи  тағйири  иқлим  ва форумҳои  дигари   байналмилалӣ  перомуни  масъалаи  об тӯли  солҳои охир  дар  ин  бора изҳорот  дода  буд.

Зикр мегардад, ки имконияти  техникӣ, судмандии иқтисодӣ,  амнияти  экологии  НОБ  Роғунро  борҳо  санҷиданд  ва  ин  лоиҳа  ягон  маротиба  баҳои  манфӣ  нагирифта буд,  вале Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  иродаи  нек  ва саъю кӯшишҳо  барои  анҷом  додани  гуфтугӯи  ошкорову  шаффоф  бо  ҳамаи  ҷонибҳои  манфиатдорро   нишон  дода,  аз Бонки Умумумиҷаҳонӣ, ки  ба  ҳайси  сохтори  ваколатдори  СММ  пешниҳод  гардидааст, хоҳиш  намуд, ки  боз  як таҳқиқи мустақили байналмилалии  лоиҳаи  анҷоми  бунёди  НОБ – ро гузаронад.

Гуфта мешавад, ҷавобан  ба  ин  дархост  бо  дастгирии  Бонки  Умумумиҷаҳонӣ  асосноккунии  техникию  иқтисодӣ  ва  арзёбии  таъсири  экологию  иҷтимоӣ  муваффақона  сурат  гирифта,  ҳамзамон  ду  гурӯҳи  коршиносони  мустақили  байналмилалӣ,  яке  аз рӯи  масъалаҳои  дорои   хусусияти  техникию  иқтисодӣ  ва  бехатарии  сарбанд ва  дигаре  аз рӯи  хусусияти  иҷтимоию экологӣ кор  мекунанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз рӯи  натиҷаи  тадқиқоти   зикршуда бо  мушовирони  байналмилалӣ,  гурӯҳи  коршиносони  байналмилалӣ, Бонки  Умумиҷаҳонӣ  ва  аҳли  ҷамъияти  кишварҳои  поёноб  самарабахш  ҳамкорӣ  дорад. Маълумоти  зикршуда   доираи    васеи  масъалаҳо,  аз ҷумла,  масоили  бехатарӣ, талофият,  мӯҳлати  бо  об  пур  кардани  обанбор,  идораи  захираҳои об, таъсири  иҷтимоию  экологиро  фаро гирифта, биноан муболиғаҳои паҳнкардаи баъзе  ҷонибҳо  набояд  хавферо  ба  миён  оранд.

Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон тибқи  мувофиқа  бо   мушовирони  байналмилалӣ,  гурӯҳи  коршиносон  ва  мутахассисони  Бонки  Умумиҷаҳонӣ  сохтмони тамоми  маҷмӯи  лоиҳаро  баррасӣ  менамояд  ва  сухан  дар  бораи  ягон  сохтмони  фосилавии  марҳилаи  аввали  НОБ  намеравад. Тоҷикистон  барои  анҷоми муваффақонаи  арзёбӣ  ба  мушовирони  байналмилалӣ  ҳамаҷониба  мусоидат  намуда ва  интизори натиҷаи таҳқиқи  байналмилалӣ  шуда,  ҳамзамон  корҳои  тармиму таҷдидро  дар  ҳудуди  НОБ  Роғун роҳандозӣ   мекунад.

Дар изҳорот ҳамчунин баён мегардад, ки то имрӯз  байни  консорсиум  ва  ҷониби  Тоҷикистон  ягон  ихтилофоти  ҷиддӣ  вуҷуд  надошт.

Таъкид карда мешавад, ки Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар амри татбиқи   лоиҳаи  мазкур  умуман  ҷонибдори аҳду  паймонҳои  қаблӣ  буда, принсипҳои   шаффофият  ва идораи корпоративиро  тарафдорӣ карда,  қоидаҳои  амалкунандаи  Бонки  Умумиҷаҳониро  риоя  менамояд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...