spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Эстония ба тақдири халабони эстонии дар Тоҷикистон ҳабсшуда таваҷҷӯҳ кард


Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Эстония рӯзи 27-уми октябр бо ҳамтоҳои худ аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар тамос шуданд, то ки ҷузъиёти масъалаи ҳабси шаҳрванди ин кишвар, халабони ҳавопаймо Алексей Руденко дар Тоҷикистонро баррасӣ кунанд.

Ғайр аз ин, Эстония расман ба сафоратхонаи Олмон дар шаҳри Душанбе муроҷиат карда, дархост намудаааст, ки ҳарчи зудтар барои вохӯрӣ як дипломатро сафарбар созад.

Дар ин бора ВАО-и интернетӣ бо истинод ба ВКХ-и Эстония хабар медиҳанд.

Рӯзи 26-уми октябр ҷиҳати кумак ба вазорати мазкур хешовандони халабони ҳабсшуда муроҷиат кардаанд.

Чанде қабл намояндагони вазорат бо намояндагони ВКХ-и Тоҷикистон ва сафоратхзонаи Олмон дар Тоҷикистон дар тамос шуданд, то ки дар бораи боздошти шаҳрванди Эстония дар қаламрви Тоҷикистон маълумоти муфассал дастрас намоянд. «Вазорати корҳои хориҷӣ аз консули сафоратхонаи Олмон дархост кард, ки ҳарчи зудтар бо халабони ҳабсшуда мулоқот кунад. Тоҷикистон ба ҳабсшуда адвокат таъин кардааст», – хабар додаст ВКХ.

Сафорати Эстония дар шаҳри Маскав бо намояндагони ВКХ-и Русия ва сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон низ дар ин хусус гуфтушунид кардаанд. «Ҳамчунин зимни зарурат Эстония омода аст, ки дипломатии худро аз сафоратхона дар Қазоқистон ба Душанбе сафарбар намояд», – гуфтаанд дар вазорат.

Ёдрас мекунем, ки ба Алексей Руденко 13 соли зиндон таҳдид мекунад. Ҳамроҳи ӯ шаҳрванди Русия Владимир Садовничий низ дар маҳбас қарор дорад.

Ҳавопаймоҳое, ки таҳти идораи Садовничий ва Руденко қарор доштанд, барои ба Афғонистон расонидани маҳсулот ва борҳои гуманитарӣ истифода мешуданд.

Моҳи марти соли 2011 ба халабонони ҳавопаймоҳо супориш дода шуд, ки фурудгоҳи шаҳри Кобулро тарк созанд. Бо дастрасии иҷозат барои парвоз ба Тоҷикистон, онҳо ба самти фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа роҳ пеш гирифтанд.

Пас аз фуруд омадан дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа Садовничий ва Руденкоро ба ҳабс гирифта, онҳоро дар убури ғайриқонунии марзи давлатӣ, риоя накардани қоидаҳои парвозҳои байнулмилалӣ ва қочоқ муттаҳам донистанд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...