Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат сафар кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати кишвар хабар дод, дар шаҳри Ваҳдат сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи бинои таҷдиду таъмиршудаи дармонгоҳи ҷумҳуриявии табобати бемории сил, ки дар қаламрави деҳаи Мачитон воқеъ аст, ширкат хоҳад варзид.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни сафар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо кормандони тиббӣ ва фаъолони шаҳр мулоқоту вохӯриҳо анҷом хоҳад дод.