Вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ва муаллифи лоиҳаи қонун «Дар бораи нафту газ» Исмоил Талбаков ва ҳамтои ӯ Маҳмадраҳим Каримов бо мақсади омӯзиши таҷрибаи вакилони парлумони Туркманистон дар таҳияи қонунгузорӣ дар бахши маводи сӯзишворӣ ва энергетика ба шахри Ашқобод сафар карданд.
Тавре ба оИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ хабар доданд, дар Ашқобод намояндагони парлумони Тоҷикистон бо гурӯҳи вакилони Маҷлиси Туркманистон мулоқот карданд Дар ҷараёни мулоқот атрофи рушду густариши ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла таҳкими робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар табордули афкор сурат гирифт.
«Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз Вазорати саноати нафту газ ва захираҳои минералии Туркманистон ва Консерни давлатии «Туркмангаз боздид намуда, бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуданд», – гуфт манбаъ.