Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз 19 декабр, таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи нотариати давлатӣ» баррасӣ гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар хабар доданд, дар ҷаласаи Шӯрои ин мақоми олии қонунгузори мамлакат ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ», «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон масъалаҳо дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» – ро баррасӣ карданд.
Аз рӯи масъалаҳои ба рӯзномаи Шӯро воридшуда раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанов, Сафаралӣ Раҷабов ва дигар аъзои Шӯро суханронӣ намуда, дар бораи ҳадафу мақсадҳои пешниҳоди ин лоиҳаҳо андешаҳои хешро иброз доштанд.