Муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Рустам Менглиев вазири адлияи Тоҷикистон таъин карда шуд. Собиқ вазири адлия раиси Дастгоҳи иҷроияи президент таъин гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, бо фармони президент Абдуғаффор Раҳмонов, ки қаблан ба ҳайси муовини раиси вилояти Хатлон ифои вазифа мекард, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб ва собиқ раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Норак таъин карда шуданд.