Тибқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори кадрии ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор тағйиротҳо сурат гирифтанд.
Ҳамин тариқ, Раҳмоналӣ Амиров, ки қаблан дар мансаби муовини аввали вазири кишоварзӣ ифои вазифа мекард, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара, Каримхӯҷаева Рухсора Давлатбековна – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Чкаловски вилояти Суғд, Азизов Азимбой – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд, Латифов Ҳайбулло Абдуллоевич, ки қаблан раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ шуда кор мекард, ба вазифаи муовини котиби генералии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Эшонқулов Амонҷон Саидқулович ба вазифаи муовини директори Департаменти ҳамкориҳои гуманитарӣ, масъалаҳои умумисиёсӣ ва иҷтимоӣ – сардори шӯъбаи ҳамкориҳои гуманитарӣ, маориф ва илми Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Бобоев Шавкат Бобораҷабович аз вазифаи раиси шаҳри Чкалов ба мақоми мудири шӯъбаи саноат ва энергетикаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Расулов Дилшод Ҷабборович директори генералии Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Химзавод» таъин карда шуданд.
Ғайр аз ин, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ шахсон аз вазифа озод гардиданд:
Ашӯров Субҳонуддин Бурҳонович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд, Гулов Маҳмадалӣ бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори генералии Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Химзавод», Узоқова Зулфия Анваровна бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, Бобоев Шавкат Бобораҷабович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Чкалови вилояти Суғд, Латифов Ҳайбулло Абдуллоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сатторов Абдуҷамил Халилович аз вазифаи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд, Эшонқулов Амонҷон Саидқулович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд.