Бо фармонҳои президенти Тоҷикистон аз 5-уми январи соли равон бо сабаби ба нафақа баромадан раиси ноҳияи Мӯъминобод Сафаралӣ Зокиров ва бо сабаби ба кори дигар гузаштан раиси ноҳияи Қумсангир Сироҷиддин Наҷмидинов аз вазифа озод карда шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, собиқ муовини раиси шаҳри Кӯлоб Пирмад Зарифов иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мӯъминобод ва собиқ муовини раиси вилояти Хатлон Холмурод Раҳмонов иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қумсангир таъин карда шуданд.