Бародари вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов – полковники милиса Раҳмонқул Раҳимов, ки аз мансаби сардори Шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташакккили вилояти Суғд озод гардида буд, ба ваазифаи роҳбарикунанда дар Раёсати гумруки вилояти Суғд таъин карда шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати гумруки вилояти Суғд хабар доданд, бо фармони сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ, генерали Хадамоти гумрук Гурез Зарифов, Раҳмонқул Раҳимов ба мансаби муовини сардори Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд таъин карда шуд.
Ёдрас мекунем, ки вазири тозатаъини корҳои дохилии кишвар, генерал-лейтенанти милиса Рамазон Раҳимов дар мубориза бо зуҳуроти равнақёфтаи коррупсия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ саҳм гузошта, хешовандони наздики худро, ки дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ кор мекарданд, аз вазифа озод намуд.
Аз мансабҳои ишғолкарда писари ӯ – корманди фаврии шӯъбаи ҷустуҷӯйи ҷиноии ШКД ноҳияи Шоҳмансури пойтахт лейтенанти милиса Дилшод Раҳимов ва бародараш сардори Шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташакккили вилояти Суғд полковники милиса Раҳмонқул Раҳимов озод гардида буданд.