Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи ҳукумати ҷумҳурӣ ба кор оғоз мекунад, ки дар он аз рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон дар соли 2011 натиҷагирӣ шуда, нақшаҳои рушди кишвар барои соли 2012 муайян карда мешаванд.
«Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад, ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳо, раисони шаҳру навоҳӣ дар бораи фаъолият дар соли 2011 шунида хоҳанд шуд», – хабар дод ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати кишвар.
Дар ҳамин ҳол, аксари коршиносон бар ин назаранд, ки тағйироти кадрӣ дар сохтори ҳукумат, ки ахири соли гузашта оғоз ёфта, нимаи аввали моҳи январи соли 2012 идома ёфтанд, имрӯз дар ҷаласаи ҳукумат ба анҷом мерасанд.