Вазири нави маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов имрӯз бобати нақшаҳои ислоҳоти низоми маориф дар кишвар ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ маълумот дод.
Аз ҷумла, ӯ зикр кард, баҳри эътирофи дипломҳои макотиби олии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.
Ба қавли вай, дар Вазорати маориф нақшаи чорабиниҳои иловагӣ дар ҳоли омодашавӣ қарор дорад, ки мутобиқи он дар кори вазорат ва воҳидҳои сохтории он баъзе тағйирот сурат мегиранд.
Ғайр аз ин, гуфт Саидов, минбаъд ба масъалаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар макотиби таҳсилоти умумӣ ва олии ҷумҳурӣ, интихоб ва ба таҳсил ба мамолики хориҷӣ фиристодани ҷавонони тоҷик таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.
Нуриддин Саидов аз вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар дархост кард, ки Конвенсия дар бораи эътирофи тахассуси мансуб ба маълумоти олӣ дар минтақаи Аврупоро, ки моҳи июни соли гузашта зимни сафари сарвари давлат ба парлумони Аврупо ба имзо расида буд, тасдиқ намоянд.
«Пас аз тасдиқи Конвенсияи мазкур дипломҳои макотиби олии Тоҷикистон дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо эътироф карда мешаванд», – гуфт ӯ.
Раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров дар робита ба ин масъала эрод гирифт, ки «бо имзо ва тасдиқи Конвенсия сатҳи донишу саводнокии донишҷӯён боло намеравад». «Барои ба ин мақсад ноил гаштан Вазорати маориф ва донишҷӯёнро мебояд кӯшиши зиёд ба харҷ диҳанд», – гуфт Зуҳуров.
Ба эроди Ш.Зуҳуров вазири нави маорифи кишвар посух дод, ки «ӯ дарк менамояд, ки чӣ масъулиятеро ба дӯш мегирад».