spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Намояндагони БҶ дар ҳузури раиси Кумита оид ба иқтисод ва молияи парлумон


Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Раҷабов намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ Маҷид Албайъа, Лиза Миллер ва Дилшод Каримовро бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти палати поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни сӯҳбати судманду самимӣ Сафаралӣ Раҷабов ба намояндагони бонк барои саҳм гузоштан дар рушди иқтисоди Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҷумла иброз намуд, ки хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ яке аз масъалаҳои асосии хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба шумор рафта, барои самаранок ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷети давлатӣ роли махсусан муҳимро мебозад.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон таъкид дошт, ки бо мақсади ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқат намудани низоми хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, фароҳам овардани шароити мусоид, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои довталабон ва инчунин баҳри пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар ин масъала бо иштирок ва кӯмаки бевоситаи Бонки Умумиҷаҳонӣ моҳи марти соли 2006 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» қабул гардида, мавриди амал қарор дода шудааст.

Дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ ташкил карда шудааст, ки мақоми ваколатдори соҳа ба ҳисоб меравад.

Сафаралӣ Раҷабов ёдовар шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2006 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тендер» амал мекард, ки бо қабули Қонуни нав аз эътибор соқит дониста шуд. Бо мақсади амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» тайи солҳои 2007-2008 маҷмӯи санадҳои зерқонунӣ, аз ҷумла низомнома дар бораи расмиёти хариди давлатӣ, ҳуҷҷатҳои стандартии тендерӣ, дастурамал оиди интихоби пешакии тахассусӣ, намунаҳои ҳисоботҳо ва шартномаҳо , ки расмиёти харидро пурра ва мушаххас ба танзим медароранд, аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардидаанд.

Мавсуф тазаккур дод, ки бо мақсади иҷрои шартҳои дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, инчунин такмили низоми хариди давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давалтии мол, кор ва хизматрасонӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардид, ки имрӯз дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо аксарияти овозҳои вакилон қабул карда шуд.

«Ҳамчунин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни ғайримарказонидани хариди давлатиро оғоз намудааст ва айни ҳол дар ҷумҳурӣ 19 вазорату идораҳо хариди молро мустақилона анҷом дода истодаанд» – гуфт дар хотима раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Раҷабов.

Намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ низ аз иқдомоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина аз роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоиди хариди мол, кор ва хизматрасонӣ дар мамлакат ва талош барои иҷрои шартҳои дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ибрози қаноатмандӣ намуданд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки намояндагони бонки умумиҷаҳонӣ то кунун дар Тоҷикистон бо намояндагони ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вазоратҳои маорифу тандурустии Тоҷикистон вохӯри намуда бо проблемаҳои ҷойдошта аз наздик ошно гардидаанд.

Зикр шуд, ки Бонки Умумиҷаҳонӣ тамоми кӯшиш ва талошҳои худро барои ҳарчи зудтар ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва дар ин замина таъмини рушди устувори иқтисодиии ҷумҳурии мо ба харҷ хоҳад дод.

Дар мулоқот ҳамчунин вакили Маҷлиси намояндагон Ашурбек Расулов иштирок ва суханронӣ намуд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...