Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти зимистонгузаронӣ, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ машварати корӣ доир намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар оғози машварат доир ба ин ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ ахбори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул шунида шуд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар таъминот бо нерўи барқ, тоза кардани роҳҳои мошингард аз барфу тарма ва нигоҳ доштани эътидол дар бозори истеъмолӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, кабудизоркунии муҳити зист ва корҳои ободонию созандагӣ бояд ҳамаҷониба вусъат дода шавад.