Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла таъмини саривақтии нафақа машварати корӣ доир намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар машварат рафти иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъмини эътидол дар Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, омўзиши низоми таъини нафақаҳои маъюбӣ ва пардохти саривақтии нафақа баррасӣ шуд.
Сарвари давлат таъкид дошт, ки таъмини адолати иҷтимоӣ дар ин соҳа аз вазифаҳои бисёр муҳим ба шумор меравад.
Ба масъулини дахлдор дастур дода шуд, ки вазъи ин соҳаро мавриди санҷишу омўзиш қарор диҳанд ва барои ислоҳи ҳолатҳои номатлуб чораҳои мушаххас андешида, ба ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.