Гурӯҳи вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ таҳти сарварии раиси Кумитаи масоили аграрӣ ва экология Саиди Ёқубзод бо сафари панҷрӯзаи корӣ ба вилояти Суғд рафтанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии МН МО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, ба ҳайати гурӯҳ вакилон Маҳмадамин Ҳисориев, Абдузафар Иномов ва Мунаввара Кенҷаева шомил гардиданд. Дар ҷараёни сафар онҳо рафти иҷрои қарори ҳукумати ҶТ аз соли 2009 «Дар бораи чораҳои таъхирнопазир оид ба беҳбуди ҳолати мелиоративии заминҳо барои солҳои 2010-2015»-ро мавриди санҷиш қарор медиҳанд.
«Аз рӯйи натиҷаҳои санҷиш аввали моҳи апрел дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ бо иштироки мақомоти раҳбарии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои обии ҷумҳурӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи об ва ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда дар кишвар муҳокимаи парлумонӣ доир мегардад», – гуфт М.Султонов.