spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Тағйирот дар Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҷумҳурӣ


Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, баррасӣ шуд.

Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати баррасӣ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон ин иҷрои барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2013, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 – юми январи соли 2011 тасдиқ шудааст, ба шумор меравад. Ҳамчунин, таъкид шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади беҳтар гардонидани фаъолияти низоми адолати судӣ таҳия гардидааст.

Мувофиқи лоиҳаи қонуни мазкур, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ҷиҳати ба танзим даровардани мӯҳлат ва тартиби баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, таъмини мустақилияти бештари судяҳо ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, инчунин такмили фаъолияти марҳилаи судӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

 Бо қабули лоиҳаи Қонуни мазкур минбаъд судя парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба категорияҳои ҷиноятҳои вазнинро низ танҳо баррасӣ менамояд. Ҳамзамон, доираи ваколатҳои судя ҳангоми гузаронидани мурофиа бо тартиби соддакардашудаи тафтишоти судӣ васеъ карда шуда, ба суд имконият дода мешавад, ки дар ин мурофиа пешбурди парвандаи ҷиноятиро дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур қатъ намояд.

Дар Шӯро ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон», Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои сарҳадӣ, масъала дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ва лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» мавриди муҳокимаи аъзои он қарор гирифтанд.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанов ва дигар аъзои Шӯро вобаста ба масъалаҳои мазкур фикру андешаҳои худро иброз дошта, таъкид карданд, ки мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба масъалаҳои рӯзномаи Шӯро такмили фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини ҳифзи ҳуқуқи инсон дар мамлакат, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, истифодаи самараноки об ва мутобиқ намудани онҳо ба қонунҳои амалкунанда мебошад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...