Таҳти раёсати Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар оғози маҷлис масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд. Суюнхон Рустамов Муовини якуми вазири кишоварзӣ ва Ҳайдар Холов Муовини вазири энергетика ва саноат таъин гардиданд. ҳамчунин аъзои нави ҳайати мушовараи чанде аз идораҳои назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд.
Ҳайати Кумитаи тадорукот оид ба таҷлили 20 – солагии иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Ба ҳайати он, ки таҳти роҳбарии Сарвазири кишвар Оқил Оқилов фаъолият хоҳад кард, масъулини ҳукумату Парлумон, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳо шомил гардиданд.
Ҳисоботи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Барномаи давлатии рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои солҳои 2005-2015 шунида шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои дуруст ба роҳ мондани фаъолияти мамнуъгоҳҳои табиӣ, аз нав ба ҳисоб гирифтани шумораи ҳайвоноту парандагони нодир ва ҳамчунин зиёд намудани саршумори онҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Сипас Раиси ноҳияи қумсангири вилояти Хатлон доир ба иҷрои қарорҳои ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақсими заминҳои ба аҳолӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудошуда ҳисобот дод. Тавре зикр гардид, аз 467 га замини ҷудошуда 80 фоизаш ба 1933 оилаи ниёзманд тақсим шудааст. Ба гуфти раиси ноҳия, аз ҳисоби заминҳои ҷудошуда, ҳамчунин чанд шаҳраки нав барои муаллимон ва табибони ҷавон бунёд мегардад, ки аз супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бармеояд.
ҳисоботи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рўи гурўҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ дар ҳолати то 1 – уми январи соли 2012 тасдиқ карда шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, ҳаҷми заминҳои обии кишвар тавассути азхудкунии заминҳои бекорхобида дар зарфи як сол 4400 га афзудааст. Дастур дода шуд, ки дар солҳои наздик 35377 га заминҳои партов, аз ҷумла 29129 га замини обӣ дубора ба гардиши кишоварзӣ баргардонда шавад.
Лоиҳаи як қатор қонунҳо ва хулосаҳои ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи қонунҳо доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои амалкунандаи қонунгузорӣ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳо «Дар бораи рўзҳои ид», «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ», «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи стандартонӣ» ва ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешниҳод карда шуд.
Қарорҳои ҳукумат дар бораи иштироки ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии ЭКСПО «Ёсу-2012» дар шаҳри Ёсуи ҷумҳурии Корея ва таҷлили 3000 – солагии ҳисор дар соли 2015 тасдиқ карда шуд.
Чунонки таъкид гардид, то моҳи сентябри соли 2015 тамоми ҳудуди ноҳияи ҳисор бояд ободу зебо шуда, маркази он ба як шаҳри дилкаши замонавӣ табдил ёбад.
Ҳамчунин Барномаи муҳоҷирати дохилии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014, Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015, Барномаи тарбияи ҳарбӣ-ватандўстӣ ва рушди варзиши ҳарбӣ-амалӣ дар байни наврасону ҷавонони сини тодаъватӣ ва даъватии ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2015 ва барномаҳо барои татбиқи консепсияҳои пешгўии инкишофи қонунгузорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла аграрӣ ва ҳифзи муҳити зист, соҳибкорӣ, мудофиа, амният, ҳифзи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ тасдиқ карда шуд.
Ба ноҳияҳои Исфара, Ишкошим ва Рўшон барои ба аҳолӣ додани қитъаҳои наздиҳавлигӣ замин ҷудо карда шуд. Аз ҷумла ба ноҳияи Исфара 855 га барои 5555 оила, ноҳияи Ишкошим 91 га барои 346 оила ва ба ноҳияи Рўшон 25 га ба 417 оила ҷудо карда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба ҳаҷми зиёди замини барои сохтмони манзил ба аҳолӣ ҷудошуда, таъкид дошт, ки ин заминҳо бояд ба фонди манзили шаҳру ноҳияҳо дохил карда шуда, на яку якбора, балки тадриҷан, бо назардошти зарурат тақсим карда шаванд,.Дар фароварди маҷлис Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин, ҳамчунин доир ба омодагӣ ба Рўзи модар, Наврўзи байналмилалӣ, кўмак ба ниёзмандон дар арафаи идҳои пуршукўҳ, ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти думоҳа дар соли равон, вусъат додани киштукори баҳорӣ ва ниҳолшинонӣ, дастгирии кишоварзон ва омодагии ҷиддӣ ба пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, хусусан обхезиҳои баъди обшавии барфи бешумори зимистони имсола дастуру ҳидоятҳо дод.