Чанде қабл нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов сафари дурӯзаи кории худ ба шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлонро ба анҷом расонид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ хабар доданд, Оқил Оқилов бо омодагии иншооти мелиоративӣ ба мавсими обхезии баҳорӣ дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Восеъ, Фархор, Мӯъминобод ва Панҷ аз наздик шинос шуд.
Дар фарҷоми сафар нахуствазир дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи ситоди кориро доир намуд, ки дар он ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти маҳаллӣ оид ба омодагӣ ба мавсими обхезии баҳорӣ шунида шуда, дар робита ба ин масъала ба онҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.