Мутобиқи қарори баимзорасида аз ҷониби раиси палатаи болоии парлумони кишвар Маҳмадсаид Убайдуллоев, иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум рӯзи 29-уми март дар Душанбе баргузор мешавад.
Тавре як манбаъ аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, дар иҷлосия қонунҳои қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшуда «Дар бораи рустанӣ», «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», «Дар бораи рекалама» ва ғайра мавриди баррасӣ қарор мегиранд.