Вохӯрии анъанавии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо равшанфикрон, ки ҳамасола дар остонаи таҷлили ҷашни Наврӯз баргузор мешавад, соли равон дар таърихи 20-уми март дар бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, айни замон дар бинои китобхона корҳои ниҳоии пурра ба истифода додани иншоот ҷараён доранд.
Ҳамчунин аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар ҳашари ниҳолшинонӣ иштирок намуда, мардуми кишварро ба вусъати кабудизоркунии муҳити зист ва корҳои ободонию созандагӣ даъват кард.
Сарвари давлат аз мулоқот бо намояндагони сершумори аҳли матбуоти кишвар ба мавзеи биноҳои маъмурию фарҳангии маркази шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар ҳашари ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунии майдонҳои атрофи пайкараи Исмоили Сомонӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Нишони давлатӣ ва Парчами Тоҷикистон, Қасри Миллат ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон бевосита иштирок намуд.