Нахуствазири ҷумҳурӣ, раиси кумитаи тадорукоти омодагӣ ба таҷлили ҷашни Наврӯз Оқил Оқилов машварати корӣ доир намуд, ки дар он масоили ҷараёни корҳои омодагӣ ба ҷашн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз котиботи нахуствазир иттилоъ дод, дар машварат аъзои кумитаи тадорукот, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, кормандони масъули муассисаву ташкилотҳо, Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ва намояндагони аҳли ҷомеа, ки ба корҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни Наврӯз масъуланд, иштирок карданд.
Оқил Оқилов дар назди иштирокдорон оид ба ташкили чорабиниҳои идона дар саросари ҷумҳурӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз вазифаҳои мушаххас гузошта, таваччуҳи ҳозиринро ба масъалаи ташкили таҷлили ҷашн дар пойтахт ҷалб намуд, зеро дар ҷашни байнулмилалии Наврӯзи Душанбе аз иштироки як зумра сарони кишварҳои хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ, диаспораҳои тоҷик аз бисёр давлатҳои ҷаҳон ва аҳли илму фарҳанг интизорӣ меравад.