Дар машварати корӣ бо иштироки сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов масоили омодагӣ ба баргузории Конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) баррасӣ шуд. Конфронси мазкур рӯзҳои 26-27-уми март дар шаҳри Душанбе доир мегардад.
Бино ба маълумоти котиботи сарвазири кишвар, дар ҷараёни машварат зикр гардид, ки дар конфронс масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Масъалаҳои асосие, ки ба баррасии конфронс пешниҳод шудаанд, ба рушди ҳамкории минтақавӣ, таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар манотиқи наздимарзӣ, тиҷорат, зербинои иқтисод ва захираҳои инсонӣ марбутанд.
Оқил Оқилов қайд кард, ки дар ҳошияи баргузории конфронси RECCA-V ҳамоиши тиҷоратии доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони ду кишвар ва ҳамчунин симпозиуми илмӣ низ баргузор мешавад.
Ба гуфтаи сарвазир, баргузор кардани конфронси мазкур ба густариши имконоти ҳамкории иқтисодӣ миёни кишварҳои минтақа шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар робита ба ин Оқил Оқилов ба вазорату идораҳои дахлдор ва шахсони масъул ҷиҳати омода гардидан барои дар сатҳи зарурӣ доир кардани конфронс супоришҳои мушаххас дод.
Бино ба маълумоти манбаъ, дар кори конфронси RECCA-V
иштироки ҳайатҳои воломақоми 35 кишвар ва намояндагони 33 созмонҳои байнулмилаливу минтақавӣ
дар назар аст.