spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Як қатор гуфтушуниди Шукурҷон Зуҳуров дар Алмаато


Аз 26 то 28-уми марти соли ҷорӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарлумонии Давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ба муносибати 20-умин солгарди таъсисёбии ин ниҳод баргузор мегардад, дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон қарор дорад.

Чуноне котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабр дод, дирӯз, 26-уми март Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар доираи ин сафар бо раиси парлумони Ҷумҳурии Қирғизистон А.Ш Жээнбеков, раиси Сенати парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон К. А. Мами ва раиси палатаи поёнии парлумони ин кишвар Н.З. Нигматулин ва раиси Кумита оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, робита бо ҳамватанони Думаи Давлатии Федератсияи Русия Л. Слутский мулоқот анҷом дод.

Дар ҷараёни ин мулоқотҳо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нахуст ҳамтоёни худро бо 20 – умин солгарди таъсисёбии Ассамблеяи Байнипарлумонии Давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табрик гуфта, аз ҷумла иброз намуд, ки боиси сарфарозии мост, ки муддати 20 – сол мо дар паҳлӯи ҳамдигар фаъолият намуда, ҳамеша аз мавқеъҳои муштараки кишварҳои иттиҳоди мазкур пуштибонӣ менамоем. Имрӯз Ассамблеяи Байнипарлумонӣ ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносиботи байналмилалӣ, натанҳо дар сатҳи минтақавӣ, балки дар миқёси ҷаҳонӣ муаррифӣ ва шинохта шудааст.

Шукурҷон Зуҳуров зикр намуд, ки сохтори таъсисдодаи мо муҳим будани худро ҳамчун ниҳоди байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ва ироаи пешниҳодҳои ҷолиб ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти ҳам минтақавӣ ва ҳам ҷаҳонӣ дар арсаи байналмилалӣ исбот намудааст.

Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин изҳор дошт, ки парлумони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои узвият дар Ассамблеяи Байнипарлумонӣ таҷрибаи фаъолияти парлумонҳои кишварҳои аъзои Иттиҳодро пурра омӯхта, аз ин таҷрибаҳо дар фаъолиятҳои қонунофарии худ истифода кардааст.

Дар ҷараёни мулоқотҳо, ҳамчунин масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумонҳои кишварҳои Қирғизистон, Қазоқистон ва Думаи Давлатии Федеролии Русия, фаъол намудани кори гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ, густариши муносибот дар заминаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, сармоягузорӣ, захираҳои обӣ, кишоварзӣ, фарҳанг, варзишу туризм ва дигар соҳаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи сафари худ ба Алмаато дар ҷласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарлумонии Давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуд.

Шукурҷон Зуҳуров дар баромади худ, аз ҷумла таъкид намуд, ки Ассамблеяи Байнипарлумонии Давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар системаи муносиботи байнипарлумонии байналмилалӣ ба яке аз созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ табдил гардидааст ва ман умедвор ҳастам, ки гиромӣ доштани 20 – умин солгарди ин созмон, натанҳо обрӯ ва нуфузи ниҳоди моро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баландтар мебардорад, балки раванди устувореро дар рушду равнақи парлумонҳои кишварҳои аъзои он ба вуҷуд хоҳад овард.

Ҳамчунин, Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари худ, имрӯз, 27 – уми март бо Раиси Луи Ҷиргаи Ассамблеяи Миллии Давлати Исломии Афғонистон Абдулло Рауф Иброҳимӣ мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Афғонистони ҳамсояи худ ҳамеша ҳамчун кишвари дӯсту бародар ва ҳамзабон боқӣ хоҳад монд ва аз мавқеи ин кишвар дар ҳамаи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ҷонибдорӣ хоҳад кард.

 «Тоҷикистон ҷонибдори барқарории сулҳу суботи комил дар Афғонистон буда, хостори пешрафтҳои чашмрас дар ин кишвари ҳамсоя ва ҳамзабони худ аст», – изҳор дошт, Шукурҷон Зуҳуров ва илова намуд, ки баргузор кардани конфронси панҷуми минтақавии ҳамкории иқтисодӣ барои Афғонистон дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар пойтахти Тоҷикистон аз ҷумлаи ибтикороти роҳбарияти кишвари мо аст, ки ба хотири барқарории оромиву субот дар Афғонистон гирифта шудааст.

 Раиси Луи Ҷиргаи Ассамблеяи Миллии Давлати Исломии Афғонистон Абдулло Рауф Иброҳимӣ аз иқдомоти ҷониби Тоҷикистон барои кӯмаку мусоидат дар сулҳу субот ва рушди иқтисодии ин кишвар изҳори сипос кард.

Мавсуф изҳор дошт, ки дар сурати таъмини сулҳу субот ва пешрафт дар кишвараш он метавонад омили рушди иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар минтақа шавад.

Мавзӯҳои тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон ва муборизаи муштарак бар зидди қочоқи маводи мухаддир аз масъалаҳои дигари мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров ва Абдулло Рауф Иброҳимӣ буданд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...