Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз 2 апрел таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти нақлиётӣ» баррасӣ шуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар хабар доданд, раиси кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи ин мақоми олии қонунгузор Амир Катаев зимни шарҳ додани лоиҳаи Қонуни мазкур изҳор дошт, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади таъмини амният ва бехатарӣ, фаъолияти устувор, инчунин ҳимояи манфиатҳои шахсият, ҷамъият ва давлат дар маҷмӯи нақлиёт аз амалҳои дахолати ғайриқонунӣ пешгирӣ намудани ҳар гуна зуҳуроти номатлуб таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Зикр гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти нақлиётӣ» баҳри татбиқи талаботҳо ва вазифаҳо оид ба таъмини амнияти нақлиётӣ, татбиқ намудани маҷмӯи тадбирҳои аз ҷониби давлат муайяншудаи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ ва ғайра дар маҷмӯи нақлиёт барои фаъолияти устувори системаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», масъалаҳо Дар бораи доир намудани муҳокимаи ошкорои парламентӣ «Оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010 – 2011 вобаста ба татбиқи Барномаи Ҷавонони Тоҷикистон» барои солҳои 2010 – 2012, Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» мавриди муҳокимаи аъзои он қарор гирифтанд.
Аз рӯи масъалаҳои дигари ҷаласаи Шӯро раисони кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанов, Марҳабо Ҷабборова ва Азизмат Имомов суханронӣ намуда, роҷеъ ба моҳияти масъалаҳои барои баррасии аъзои Шӯро пешниҳодгардида андешаҳои хешро иброз доштанд.
Як идда аз масъалаҳои баррасишуда барои қабул ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ки қарор аст, рӯзи 4-уми апрел баргузор гардад, пешниҳод шуданд.