Рӯзи 20-уми апрел дар Душанбе ҷаласаи муштараки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир мегардад, ки дар он сарвари давлат бо паёми ҳамасола ба парлумон ва мардуми кишвар муроҷиат хоҳад кард.
Чуноне Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ин бора 3-уми апрели соли равон раиси МН МО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров қарори дахлдор ба имзо расонд.
Бино ба маълумоти як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ, дар паёми имсола усулҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар муайян карда мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, ба ҷаласаи муштарак ба ҷуз аъзои ҳарду палатаҳои парлумон, ҳамчунин намояндагони ҳукумати ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон даъват шудаанд.
Дар паёми анъанавии соли гузаштаи сарвари давлат ба таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида буд. Сарвари давлат зикр намуда буд, ки тамоми тарҳу лоиҳаҳои рушди ҷумҳурӣ барои расидан ба се ҳадафи асосӣ – таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳо кардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амняти ғизоӣ таҳия шудаанд. Ҳамчунин сарвари давлат муҳим будани ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва таҳкими сулҳу амниятро махсус таъкид карда буд.