Ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳои Фархор, Данғара, Ёвон, Бохтар, Вахш, Хуросон, Ҷалолиддини Румӣ, Қумсангир,Ҷиликул, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Сарбанд доир ба рафти киштукори баҳорӣ, бунёди боғҳо, ҷамъбасти семоҳаи аввали соли равон ва корҳои ободонию созандагӣ телефонӣ гузориш доданд.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, зимни суҳбати телефонӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо доир ба тезондани суръати киштукори баҳорӣ, аз ҷумла кишти пахта ва сабзавот, бунёди боғу токзори нав ва барқарорсозии боғоти кӯҳна, таъмини кори бемонеаи пойгоҳҳои барқии обкашӣ ва шабакаҳои обрасонӣ, хуб ба роҳ мондани маъракаи наслгирӣ аз чорво ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ супоришҳои мушаххас дод.
Ба иттилои манбаъ, дастуру ҳидоятҳо, ҳамчунин доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи аввали соли равон, иҷрои нақшаи даромад ба буҷетҳои маҳалливу ҷумҳуриявӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва омодагии ҷиддӣ ба зимистони оянда дода шуд.