Ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Ҳамадонӣ, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон, Темурмалик, Исфара, Конибодом, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ телефонӣ ҳисоб доданд.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, роҳбарони шаҳру ноҳияҳои мазкур доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти иқтисодию молиявӣ дар семоҳаи аввали соли равон, рафти киштукори баҳорӣ, рафъи оқибатҳои обхезию дигар офатҳои табиӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ ҳисобот доданд.
Сарвари давлат зимни суҳбати телефонӣ ба онҳо доир ба тезондани киштукори сабзавот, пахта ва дигар зироатҳо, вусъат додани ниҳолшинонӣ ва таъмини кишоварзон бо техника, сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки барои аз истифодаи кишоварзӣ дур намондани заминҳои корам аз ҳар рӯзи офтобӣ бояд пурсамар баҳрабардорӣ намуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиии рухдода ва ҳолатҳои эҳтимолии фавқулоддаи оянда зоҳир гардид. Дастур дода шуд, ки барои ҳифзи мардум аз хавфи фурӯд омадани ярчу тарма, обхезӣ, боронҳои селу жола ва дигар офатҳои табиӣ омодагии ҷиддӣ бинанд.