Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои баланд дар мақомоти прокуратура ва корҳои дохилӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мувофиқат бо Сарвари давлат ба вазифаи Прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қулмаҳмад Арбобов таъин карда шуд. Араб Сидиқов Муовини аввали прокурори вилояти Суғд ва Амонҷон Рафиев Муовини прокурори ҳамин вилоят таъин шуданд. Прокурорҳои ноҳияҳои Шуғнон, Ванҷ, Фархор, Шоҳмансури шаҳри Душанбе, сардори хадамоти пешгирии ноболиғони Вазорати корҳои дохилӣ, сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Темурмалик ва командири яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ иваз карда шуданд.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат онҳоро ба муборизаи шадид бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои коррупсионӣ ва марбут бо маводи мухаддир, таъмини амнияту суботи ҷомеа ва баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандон ҳидоят намуд. Бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонону ноболиғон дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Аз роҳбарияти Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ талаб карда шуд, ки ба тарбияи хуби мутахассисони ҷавон, ҷобаҷогузории кадрҳо, арзу шикояти мардум ва таъмини волоияти қонун таваҷҷуҳи доимӣ дошта бошанд.