Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи муштараки Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси миллии Тоҷикистон Маҷлиси Олии Тоҷикистон Паёми солонаашро ба мардуми кишвар пешкаш хоҳад кард.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни ироаи Паём Эмомалӣ Раҳмон аз вазоифи дар паёми соли гузашта гузошташуда натиҷагирӣ намуда, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон барои соли 2012-ро муайян мекунад.
Ба маросими шунидани Паёми президент бар иловаи вакилони мардумӣ, ҳамчунин раҳбарони вазоратҳову кумитаҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ, намояндагони сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ, фарҳангиён ва намояндагони ВАО даъват шудаанд.