Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2012»-ро маъқул шуморид.
Мутобиқи ин тағйироту илова, ҶДММ «Хуаксин Гаюр семент» зимни воридоти масолеҳи сохтмон, техника, таҷҳизот ва дигар маводи зарурӣ барои сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Ёвон аз пардохтҳои андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
Зимни шарҳи ин масъала ба вакилони парлумон вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор кард, ки ҳарчанд аз қабули ин тағйирот буҷа дар ҳаҷми 60 млн. сомонӣ зарар бинад ҳам, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани корхона он ба буҷет ҳамасола 135 млн. сомонӣ маблағҳои пардохти андоз ворид хоҳад кард.
«Иқтидори лоиҳавии корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Ёвон ба истеҳсоли 1 млн. тонна семент дар як сол баробар буда, интизор меравад, ки он тирамоҳи соли оянда мавриди истифода қарор гирад», – гуфт ӯ.
Номбурда афзуд, арзиши умумии сохтмони корхонаи нави истеҳсоли семент 100 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, 77 млн. доллари ИМА аз ин маблағ ба воридоти масолеҳи сохтмон, техника ва таҷҳизот аз дигар кишварҳо масраф мегардад.
Дар ҳамин ҳол, раиси ҲНИТ, вакил Муҳиддин Кабирӣ аз вазири молия дархост кард, ки минбаъд дар сурати рӯйи кор омадани чунин пешниҳодот дар бораи корхонаи аз пардохти андозҳо озодмешуда ба вакилон маълумоти муфассал пешниҳод гардад.
Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон ҶСК «Тоҷиксемент» корхонаи бузургтарини истеҳсоли ин навъи масолеҳи сохтмон маҳсуб меёбад.
Қобили зикр аст, ки маҳсулоти «Тоҷиксемент» асосан дар сохтмони иншооти муҳими кишвар, аз ҷумла корҳои барқароркунӣ дар нерӯгоҳи «Роғун» ва бунёди роҳу пулҳо истифода мешаванд.
Иқтидори «Тоҷиксемент» истеҳсоли 1 млн. 100 ҳазор тонна семент дар як солро ташкил медиҳад, вале ахиран корхона танҳо бо истифодаи 70%-и иқтидор фаъолият дошт.