Бо иштироки нахуствазир Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷаласаи нахустини Кумитаи тадорукоти ҷашни 20-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Тавре аз котиботи нахуствазир иттилоъ доданд, ҳайати Кумитаи тадорукоти таҷлили ҷашн бо қарори ҳукумат тасдиқ гардида, нақшаи чорабиниҳои ҷашн тартиб дода шудааст.
Дар асоси ин нақша дар саросари мамлакат чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ доир гардида, нишасту ҳамоиш ва конфронсҳои илмӣ баргузор мешаванд. Ҳамчунин таҳияи китобу асарҳо ва намоиши аксу мусаввараҳо дар назар буда, сохтмону азнавсозӣ ва тармиму таҷдиди 260 иншооти гуногуни ҷашнӣ пешбинӣ шудааст.
Оқил Оқилов аъзои Кумитаи тадорукот, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва ташкилоту муассисаҳои дахлдори давлатиро вазифадор кард, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ва омодагии ҳамаҷониба гузаронидани ҷашни 20-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида, иҷрои нишондодҳои чорабиниҳои таҳияшударо дар мӯҳлатҳои муайяншуда таъмин намоянд.