Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ вакилон «Созишнома дар бораи тартиби ташкил ва фаъолияти навбатдорӣ оид ба дифои зиддиҳавоии кишварҳои узви ИДМ зимни қабули маълумот дар бораи ғасб (рабудан)-и ҳавопаймо»-ро, ки дар нишасти Душанбе моҳи сентябри соли 2011 ба имзо расида буд, якдилона тасдиқ карданд.
Зимни маърӯза дар назди вакилони парлумон оид ба ин масъала муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Сӯҳроб Маҳмадов изҳор кард, ки тасдиқи санади мазкур ба тақвияти мубориза алайҳи терроризми байнулмилалӣ дар паҳнои иттиҳод мусоидат хоҳад намуд.
Ғайр аз ин, вакилон бидуни баррасӣ даҳ созишномаву протоколҳои дар чаҳорчӯби Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баимзорасидаро низ тасдиқ карданд.
Ба андешаи раиси Кумитаи парлумон оид ба мудофиа ва амният Амирқул Азимов, тасдиқи созишномаҳое дар чаҳорчӯби СААД, аз қабили «Созишнома дар бораи тартиби ташкил ва фаъолияти қувва ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъии СААД», «Созишнома дар бораи мақоми ташаккули қувваю воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъии СААД», «Созишнома оид ба принсипҳои умумии ташкили иттиҳодияҳои илмии истеҳсолии байнидавлатӣ дар СААД оид ба истеҳсоли маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ» ва ғайра метавонанд ба таҳкими қобилияти мудофиавии кишварҳои узви СААД мусоидат намоянд.