Субҳи имрӯз ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии раиси палатаи болоиии парлумони кишвар Маҳмадсаид Убайдуллоев ба шаҳри Санкт-Петербург сафар кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Шавкат Саидов хабар дод, дар ҷараёни сафар ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар кори Ассамблеяҳои байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ва Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ширкат хоҳад варзид.
Ба иттилои манбаъ, ҳайти парлумонии Тоҷикистон ҳамчунин дар кори Конгресси панҷуми байнулмилалии экологӣ низ иштирок мекунад.