Парлумон ба Кодекси андози Тоҷикистон дар робита ба масъалаи пешниҳоди хизматгузории аэронавигатсионӣ тағйирот ворид намуд.
Ба гуфтаи вакил Сафаралӣ Гулов, пардохти андоз аз арзиши изофа (ААИ) барои расонидани хизматгузорӣ дар бахши мазкур мутобиқи тағйирот ба қонунгузории андоз ахири соли 2010 ҷорӣ гардида буд.
«Мутобиқи ин тағйирот, аз 1-уми январи соли 2011 дар Тоҷикистон пардохти ААИ барои расонидани хизматгузории аэронавигатсионӣ ҳатмӣ шуд, ки ба Конвенсияи байнулмилалии ҳавопаймоии шаҳрвандии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда мухолиф аст», – гуфт ӯ.
Зимни суханронӣ оид ба ин масъала муовини вазири молияи Тоҷикистон Руҳулло Ҳакимов изҳор кард, ки кишварҳои узви ИДМ, Назди Балтик, Иттиҳоди Аврупо ва Шарқи Наздик ҳангоми расонидани ба ин монанд хизматгузориҳо ба ҳавопаймоҳои Тоҷикистон дар фазои кишварашон пардохти чунин навъи андозро талаб намекунанд.
«Агар мо ААИ ба ин хизматгузориро бекор насозем, аксари кишварҳои дигар, ки ҳавопаймоҳои мо фазои онҳоро убур мекунанд, метавонанд пардохти чунин навъи андозро аз Тоҷикистон низ талаб кунанд, ки ба манфиати мо нест», – таъкид кард Ҳакимов.
Тағйироти мазкур, ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод шуда буд, бидуни баҳсу баррасӣ аз ҷониби вакилон маъқул шуморида шуд.